Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» бо тимҳои Непал, Филиппин ва Сурия бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 3-юм то 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Тими олимпии Тоҷикистон нахустин бозиашро 3-юми сентябр бо дастаи Непал анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 6-уми сентябр бо Филиппин ва 9-уми сентябр бо Сурия рақобат мекунанд.
Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 7-ум то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳ меёбанд.
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23)
Гурӯҳи «К»
Даври 1-ум
3-юми сентябр (чоршанбе)
18:00 - Сурия - Филиппин
21:00 - Тоҷикистон - Непал
Даври 2-юм
6-уми сентябр (шанбе)
18:00 - Непал - Сурия
21:00 - Филиппин - Тоҷикистон
Даври 3-юм
9-уми сентябр (сешанбе)
18:00 - Филиппин – Непал
21:00 - Тоҷикистон - Сурия
Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Гуфтугӯ