Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Аз Путин бисёр ноумед шудаам, мо робитаҳои олӣ доштем


Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки аз Владимир Путин, ҳамтои руси худ, "бисёр ноумед" шудааст.

Доналд Трамп рӯзи 2 сентяр дар як мусоҳибаи радиоӣ гуфтааст, "ман аз президент Путин бисёр ноумед шудам, мо робитаҳои олӣ доштем, ва коре барои кӯмак ба зиндагии мардум анҷом хоҳем дод".

Бо ин ҳол, ӯ нагуфт, ки Русия бо чӣ паёмадҳои эҳтимолӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Амрико ахиран барои даст ёфтан ба созиши сулҳ дар ҷанги Украина, зарбулаҷали дуҳафтаина таъйин кард, ки охири ин ҳафта ба поён мерасад.

Трамп ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфтааст, ки Вашингтон дар ҳар созише замонатҳои амнияти Украинаро дар назар хоҳад гирифт ва дар ин амр кӯмак хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин таҳдид кардааст, ки дар сурати даст наёфтан ба як роҳи ҳалли сулҳомез дар ҷанги Украина, таҳримҳои бештаре алайҳи Русия ҷорӣ хоҳад кард.

Русия тақрибан аз панҷ як ҳиссаи хоки Украинаро ишғол кардааст ва Трамп мегӯяд, ки "мубодилаи замин" ва тағйирот дар қаламрав, барои ҳар гуна созиш бисёр муҳим хоҳад буд.

Украина бо пешниҳоди вогузории бахше аз қаламрави худ ба Русия мухолиф аст.

Трамп рӯзи сешанбе ҳамчунин гуфт, ки "ба ҳеч ваҷҳ нигарони ташкили меҳваре бо ширкати Чин ва Русия алайҳи Амрико нест".

Изҳороти ӯ пас аз он матраҳ шуд, ки Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин рӯзи 1 сентябр мизбони раҳбарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, буд.

Раисҷумҳури Амрико гуфт, "ман аслан нигарон нестам. Мо қавитарин артиши ҷаҳонро дорем ва онҳо ҳаргиз аз артиши худ алайҳи мо истифода намекунанд. Бовар кунед, ин бадтарин коре аст, ки онҳо метавонанд анҷом диҳанд".

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Украина рӯзи сешанбе гуфт, ки Русия дар бахшҳои муайяне аз хатти пеши ҷанг дар ҳоли ҷобаҷо кардани нерӯҳои нав аст.

Зеленский бо ишора ба Путин гуфт, "акнун шоҳиди афзоиши нерӯҳои Русия дар бахшҳои хосе аз ҷабҳа ҳастем. Ӯ аз қабули сулҳ худдорӣ мекунад".

Ӯ ҷузъиёти бештаре ироа накард, аммо гуфт, "Русия ҳамчунон ба ҳамлаҳои худ идома медиҳад. Албатта мо ҳам ба ин ҳамлаҳо посух хоҳем дод".

Аз сӯи дигар, Вазорати корҳои хориҷии Украина эълон кард, ки ин кишвар ҳаргиз ба қонунӣ кардани ишғои нерӯгоҳи ҳастаии Запороже тавассути Русия мувофиқат нахоҳад ва нерӯҳо ва мутахассисони рус бояд аз онҷо берун раванд.

Ин нерӯгоҳ дар ҳафтаҳои аввали ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 ишғол шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Украина мегӯяд, "нерӯгоҳи ҳастаии Запороже бахши ҷудоинопазири қаламрави Украина аст ва хоҳад монд. Ҳаргуна талоши Русия барои зери суол бурдани ин воқеият аз назари қонунӣ ботил ва аз назари сиёсӣ бемаънӣ аст".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG