Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 31 август барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ба Чин сафар кард. Ин нишаст рӯзҳои 31 август ва 1 сентябр дар шаҳри Тянҷин бо мизбонии Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ва бо ҳузури беш аз 20 раҳбари ҷаҳон доир мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, инчунин вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар афроди расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар хабарномаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаи муфассали мулоқоту гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Тянҷин, ҷузъиёт дода нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳо, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 31 август вориди шаҳри Тянҷин шуд. Путин дар ҳошияи нишаст бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Масъуд Пизишкиён, президентҳои Туркия ва Эрон дар бораи ҷанги Украина ва барномаи ҳастаии Теҳрон, гуфтугӯ хоҳад кард.
Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамасола як бор доир мешавад.
Ин нишаст дар ҳоле оғоз мешавад, ки рӯзи чаҳоршанбе Пекин шоҳиди баргузории як паради бузурги низомӣ ба муносибати ҳаштодумин солгарди поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Чин ва Русия онро ҷойгузине барои НАТО муаррифӣ мекунанд, акнун ба яке аз муҳимтарин бистарҳои ҳамкории кишварҳои ғайри ғарбӣ табдил шудааст.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони минтақавӣ аст, ки дар соли 2001 таъсис шуд. Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Узбекистон ва Белорус аъзои аслии ин созмон ҳастанд.
Афғонистон ва Муғулистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мақоми нозирро дорад.